Раҳмон ба Земан: дар Тоҷикистон шуморо эҳтиром мекунанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кишвардори тозаинтихоби Чехия Милош Земан номаи табрикотӣ равон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст:

"Ҷаноби Олӣ, ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти хешро иброз менамоям.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Чехия густурдатар мешавад

Тоҷикистон ва Чехия бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ — ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар — то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд.

Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушду тавсеаи бемайлони робитаҳои гуногунарсаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу дар масири иҷрои рисолати хеш комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Чехия сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам".