ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати ҷопонии “Nishizawa” қарордоде ба арзиши 17,5 милюн дулор имзо карданд.
Ин қарордод дар чорчӯби тарҳи Бунгоҳи тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) барои беҳинасозии барқрасонӣ дар шаҳри Душанбе баста шудааст.
Бино бар ин қарордод, ширкати “Nishizawa” тааҳҳуд кардааст, ки дар ду сол истгоҳи нави фаръие дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хоҳад сохт. Ҳамчунин ҷопониҳо истгоҳи фаръии барқи “Санъатӣ” дар ноҳияи Синоро бозсозӣ карда зарфияташро бештар хоҳанд кард.
Ҳамчунин қарор шуда, ки таҷҳизоти барқиро барои иҷрои ин тарҳ ширкати ҷопонии “TOSHIBA” тавлид кунад.
Интизор меравад, ки дар паи иҷрои ин тарҳ барқрасонӣ ба манзилҳои маскунӣ, корхонаҳои санъатӣ ва сохтмонҳои иҷтимоъии шаҳри Душане беҳбуд ёбад.