Эрон барои Тоҷикистону Афғонистон шабакаи телевизюнӣ роҳ меандозад

Спутниковая тарелка, архивное фото
Созмони садову симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назар дорад барои Тоҷикистон ва Афғонистон шабакаи телевизюни моҳвораӣ роҳандозӣ кунад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Созмони садову симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз роҳандозии шабакаи моҳвораии “ifilm-2” бо ҳадафи пахши филмҳои синамоӣ ва сериалҳо барои Тоҷикистон ва Афғонистон хабар дод, гузориш медиҳад “ParsToday”.

“Дар ҳавзаи забони форсӣ ва тамаддуни эронӣ ба зудӣ шоҳиди роҳандозии шабакаи “ifilm-2”, яъне “ifilm”-и форсӣ барои кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон хоҳем буд”, — гуфтааст Паймон Ҷибиллӣ, муовини бурунмарзии раиси Созмони родютелевизиюнии Эрон.

Ин созмон чанд сол пеш шабакаи моҳвораии “ifilm”-ро роҳандозӣ карда, ки шабонарӯзӣ ба се забон – арабӣ, инглисӣ ва форсӣ дар саросари ҷаҳон филму сериалҳои эронӣ пахш мекунад.