Лола Каримова: падарам моро дар мазораш интизор аст, аммо наметавонам равам

"Бо шароите, ки моро пеш омадаст, ҳоло дар Самарқанд нестем. Аммо медонам, ки Шумо дар манзили охирататон, дар зодгоҳатон моро интизоред",- менависад бо эҳсос духтари раисҷумҳур
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Лола Каримова-духтари раисҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов дар саҳифаи фейсбукиаш, дар паёми пурэҳсосе аз хотираҳояш бо падар бори дигар нақл кардааст.

Духтари раисҷумҳур мегӯяд, доим падарро дар хоб мебинад.

"Ман боз Шуморо дар хоб дидам. Чунон зуд-зуд дар хобам Шуморо мебинам, ки ҳангоми бедор шудан фикр мекунам, гӯё хоб не, ҳақиқате буд",- навиштааст вай.

Лола мегӯяд, то ҳол дастнависҳои падарашро бо худ нигоҳ медорад ва бо духтари шашсолааш, ки бисёр ба бобояш монанд аст, доим ёди падар мекунад.

"Соли гузашта вақте ки ба ҳуҷраи кориатон даромада будам, дастнависҳои Шуморо ҷамъ карда бо худ овардам. Чанд рӯз пеш, духтари шашсолаам, ки хело ба Шумо монанд аст, дастнависҳоро пайдо кардааст. Мо ҳар ду натавонистем ашки чашмонамонро нигоҳ дорем. Дар ҳамин ҳол духтарам гуфт, "Ман мехоҳам оромгоҳи Бобо равам. Вай моро интизор аст",- мегӯяд Лола Каримова.

Дар анҷом духтари раисҷумҳур нигарон шудааст, ки бо далоиле наметавонад ба зиёрати оромгоҳи падар равад. Аммо медонад, ки падар вайро интизор аст.

"Бо баъзе далелҳо мо ҳоло дар Самарқанд нестем, аммо яқин медонем, ки Шумо моро дар зодгоҳатон, ки ҳоло макони охирататон гаштааст ва хело зебост, интизоред",- менависад вай дар анҷом.

Пештар расонаҳои Узбакистон хабар доданд, ки бори аввал ҳамсари Ислом Каримов — Татяна Каримова дар бораи шавҳараш мусоҳибаи пурсарусадо дод.

Вай дар ин мусоҳиба аз зиндагии хонаводагиаш нақл кардааст. Каримова гуфтааст, Ислом Каримов шахси қавиирода буд, маҳз барои ҳамин ба мақоми раисҷумҳурӣ расид.

Хонум Татяна таъкид кард, ки шавҳараш пеш аз ҳама падари меҳрубон ва бобои дилсӯз буд. Лекин дар ин мусоҳиба низ сирри вайрон шудани муносибати Гулнора Каримова — духтари Каримов бо падараш ифшо нашудааст. Дар ин бора Татяна Каримова чизе намегӯяд.

Моҳи августи соли гузашта ҳукумати Узбакистон аз Русия дархост карда буд, ки амволи Гулнораро ба ҳабс гирад.

Моҳи октябри соли 2013 зидди Гулнора Каримова барои тамаъҷӯӣ ва пардохт накардани андоз аз ҳисоби даромад парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Узбакистони имсол 80-солагии Ислом Каримовро ҷашн мегирад.