Ҳалокати чаҳор тоҷикистонӣ дар сӯхтори Красногорск

Дар паи сӯхтор шаш шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошт. Аз миёни онҳо ду кас дар ҷои ҳодиса ҷон бохту ду кӯдак дар бемористон ҳалок шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар паи сӯхтор дар Красногорск чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтанд. 

Сӯхтор рӯзи якшанбе дар манзили баландошёнаи рақами 6 ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи маълумот дар паи ин сӯхтор чаҳор кас ҷон бохтааст.

"Шаш кас ҷароҳат бардошт-ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон. Аз миёни онҳо ду кас дар ҷои ҳодиса ҷон бохту ду кӯдак дар бемористон ҳалок шуданд. Ду каси дигар дар бемористон бистарӣ шуданд", — хабар медиҳад РИА Новости.