Вопасин ҳушдори Атомуҳаммад Нур ба Ҳукумати Афғонистон

Атомуҳаммад Нур, раиси иҷроии ҳизби “Ҷамъияти исломии Афғонистон” барои вопасин бор ба ҳукумат ҳушдор дода, ки агар ба зудӣ бо Ҷамъият ба тафоҳум нарасад, ҳаводоронашро ба хиёбонҳо хоҳад кашонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Зоҳиран гуфтугӯҳо миёни Ҷамъияти исломӣ ва ҳукумати Афғонистон барои поён додан ба танишҳо ба бунбаст расидаанд, эҳтимол медиҳад Sputnik Афғонистон.

Атомуҳаммад Нур ба раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст: “Имрӯз ё фардо мо ба роҳ меуфтем ва онгоҳ шумо бисёр пушаймон мешавед. Нашавад, ки Худо нахоста, ҳамачиз аз даст биравад”.

Атомуҳаммад Нур: зӯрро бо зӯр посух хоҳам дод

Вай дар вокуниш ба суханҳои Залмай Халилзод, сафири пешини Амрико дар Афғонистон, гуфтааст, ки тарафи гуфтугӯҳои Ҷамъияти исломӣ танҳо Арк ва Кохи Сафед ҳастанд ва гуфтаҳои Халилзод барояш арзише надоранд.

“Тарафи мо Арк аст ва агар миёнҷие дар кор бошад, танҳо Кохи Сафед аст. Мо аз он поинтар дигар касеро намепазирем”, — гуфтааст Ато.

Вай аз ҳукумати Афғонистон хостааст гуфтугӯҳо бо Ҷамъияти исломиро ҷиддӣ бигирад то ба тафоҳум бирасанд, вагарна ҳаводоронашро ба хиёбонҳо хоҳад кашонд.