Сафорати Тоҷикистон: омодаем ҳаргуна кумакро ба осебдидагон дар сӯхтор бирасонем

Пожар в многоквартирном жилом доме в Красногорске Московской области. 28 января 2018
Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз осебдидагон дар сӯхтор ҳолҷӯӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо хешовандони осебдидагон дар сӯхторе, ки дар шаҳри Красногорск рух дод, тамос гирифтаанд.

“Кормандони Сафорат ҳамакнун дар бемористоне ҳастанд, ки шаҳрвандони осебдидаамон бистарӣ шудаанд. Мо бо хешовандону наздикони онҳо дар тамос ҳастем”, — гуфт сухангӯи Сафортаи Тоҷикистон дар Русия.

Сотрудник МЧС, архивное фото
Ҳалокати чаҳор тоҷикистонӣ дар сӯхтори Красногорск

Вай ҳамчунин гуфт, ки сафорат ҷузъиёти ин сӯхторро пайгирӣ дорад ва омода аст ҳаргуна кумакро ба осебдидагон дар ин сӯхтор бирасонад.

Ёдоварӣ мекунем, ин сӯхтор дар манзиле сар зад, ки дар он нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла се кӯдак, иҷоранашин буданд. Дар ин сӯхтор чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ду кӯдак ва ду бузургсол, ҷон бохтанд.