Эрдуғон: Туркия ба хоки Сурия дастдарозӣ намекунад

Раисҷумҳури Туркия гуфт, ки Анкара чашми тамаъе ба хоки Сурия надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки ҳадафи Туркия аз амалиёти “Шохаи зайтун” бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи курд дар қаламрави Сурия дастдарозӣ ба сарзамини кишвари ҳамсоя нест, гузориш додааст хабаргузории “Тасним”.

“Анкара ба хоки Туркия чашми тамаъ надӯхтааст. Кишвари мо 3,5 милюн овораи суриро дар худ ҷой дода ва мо барои тазмини бозгашти онҳо ба сарзаминашон талош мекунем”, — гуфтааст раисҷумҳури Туркия дар суханроние дар ҳамоиши Ҳизби адолату тавсеъа дар Омосия.

Задухӯрди курдҳо ва туркҳо дар фурудгоҳе дар Олмон

Артиши Туркия аз 20 январ “Шохаи зайтун” ном амалиётеро бо ҳадафи берун рондани размандагони вобаста ба “Ягонҳои посдори мардум” (YPG) дар ноҳияи Африн оғоз карда аст. Туркия “Ягонҳои посдори мардум”-ро гурӯҳи теруристӣ медонад ва борҳо аз пуштибонии Амрико аз ин созмони низомии курдҳо интиқод кардаастю

Эрдуғон дирӯз ҳам гуфта буд, ки нерӯҳои Туркия метавонанд дар хоки Сурия то шаҳри Идлиб пешравӣ кунанд.

“Амалиёти низомӣ дар Африн идома хоҳад ёфт. Иншоаллоҳ ба Идлиб хоҳем расид”, — гуфт раисҷумҳури Туркия.