Пас аз боздиди раисҷумҳур шаш сардори пулис таъйин шуданд

Дар вилояти Сурхандарё сардорони нави пулис таъйин шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Пас аз боздиди Шавкат Мирзиёев аз вилояти Сурхандарё сардорони шӯъбаҳои пулиси шаш ноҳия аз сар таъин шуданд.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба хабаргузории UzNews.uz хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки подполковник Сатторов Шеркуз Султонович сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятии вилояти Сурхандарё таъин шудааст.

Мушовири пешини раисҷумҳур ройзани нахуствазир таъйин шуд

Сардори пулиси ноҳияи Тирмиз подполковник Амонтураев Муҳиддин Шотураевич таъин шуд.

Подполковник Абдиев Шералӣ Ҷурабоевич сардори Раёсати пулиси ноҳияи Кизирик шуд. Вазифаи сардори шӯъбаи пулиси ноҳияи Музрободро Турсунов Баҳром Бобохонович гирифт.

Подполковник Юсупов Илҳом Элмуродович сардори шӯъбаи пулиси ноҳияи Денау шуд.

Майор Мусурмонов Шавкат Нормейлиевич вазифаи сардори пулиси ноҳияи Шурчинро бар уҳба гирифт.

Сардори шӯъбаи пулиси ноҳияи Шеробод майор Кенҷаев Даврон таъин шуд.