Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбари Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.  

Гуфта мешавад, ки дирӯз, 27 январ Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи таслият ирсол намудааст, ки дар он омадааст:

"Ҷалолатмаоб, хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум  бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул боиси андуҳи беандозаи мо гардид.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам".  

Ёдоварӣ мекунем, ки дар инфиҷори рӯзи 27-уми январ дар як маҳалли серодами Кобул 95 нафар кушта ва 158 тани дигар захмӣ шуданд.