"Боғи ҳайвонот"-и Душанберо ба наздикии бозори "Корвон" мекӯчонанд

Шаҳрдории Душанбе аллакай ҷойи нави боғи ҳайвоноти пойтахтро муайян кардааст. Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳр дар наздикии боғи нав барои ҳайвоноти дайду низ сарпаноҳ сохта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе ба нақша гирифтааст, ки "Боғи ваҳш"-и Душанберо аз маркази шаҳр ба ҷойи дигар кӯчонад. Дар ин бора ҳини нишасти матбуотӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, боғи ҳайвонотро аз маркази шаҳр ба наздикии бозори "Корвон" мекӯчонанд. Ҳамчунин шаҳрдорӣ дар назди боғи ваҳши нав барои ҳайвоноти кӯчагӣ сарпаноҳ хоҳад сохт.

"Боғи ҳайвонот мувофиқи Генплани нави шаҳр кӯчонида хоҳад шуд",- гуфт вай.

Муовини раиси шаҳр афзуд, барои сохтани  сарпаноҳи ҳайвоноти кӯчагӣ 6 сотиқ замин ҷудо шудааст.

"Ба наздикӣ корҳои сохтмони боғи ҳайвонот сар мешавад. Бо фармони раиси шаҳр барои сохтани сарпаноҳ ба ҳайвоноти дайду низ замин ҷудо шудаст. Боғи нави ҳайвонот ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ буда, барои ҳифзи муҳити атрофи он ҷойи мувофиқ интихоб шудааст",- таъкид кард вай.

Мардуми Душанбе аз вазъи Боғи ҳайвонот ба Рустам Эмомалӣ шикоят бурданд

Соли гузашта мардуми Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ аз вазъи бади боғи ваҳш шикоят карда буданд. Бархе сокинон аз аҳволи бади ҳайвоноти дохили боғ ва бархе аз бӯйи бади боғ, ки хусусан дар тобистон ба гирду атроф паҳн мешавад, мегутфанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷамеашинос Далер Баҳромбеков ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, беҳтар мешавад боғро ба ҷойи дигар кӯчонид.

Баҳромбеков гуфт, агар аз нигоҳи географӣ назар кунем, Душанбе дар жарфое ҷой гирифтааст, ки дар ин ҳол мушкилоти экологӣ пеш меоянд.

"Ҳоло аҳолӣ бисёр шудааст ва ман худам ҳис мекунам, ки вазъи экологӣ рӯз аз рӯз бад мешавад. Аммо Боғи ҳайвонот дар маркази шаҳр асту дар атрофаш донишоҳ, варзишгоҳ ва боғи фарҳангӣ ҷой гинрифтаанд. Аз ин дидгоҳ агар бингарем, бояд Боғи ҳайвонотро ба ҷойи муносибтаре кӯчонд", — гуфт вай.

Боғи ҳайвоноти пойтахт соли 1961 бунёд гардида, дар маркази шаҳр, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, дар наздикии дарёи Душанбе ҷойгир шудааст.

Ба гуфтаи мудири боғ тамоми талаботҳои санитарӣ дар боғ риоя шуда, буйи бад аз табиати ҷонварон аст.