Русия заминасозии Амрико барои бозомӯзии теруристҳо дар Сурияро ошкор кард

Вазорати дифоъи Русия заминасозиҳои Амрико дар бораи омӯзиши теруристҳо ва дубора фаъол кардани онҳоро дар Сурия фош кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазорати дифоъи Русия дар баёнияе эълом кард, ки низомиёни вижаи Амрико барои созмондеҳӣ ва омӯзиши теруристҳо дар Сурия бо ҳадафи ноком гузоштани раванди сулҳ дар ин кишвар талош мекунанд.

Дар ин баёния омадааст, ки теруристҳо дар пойгоҳе дар минтақаи ал-Танф дар ҷануби Сурия зери назорати нерӯҳои вижаи Амрико омӯзиш мебинанд. Бар асоси ин баёния, теруристҳо барои амалиёт дар манотиқи мухталифи Сурия барномарезӣ мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия дар ин баёния таъкид кардааст, ки даст доштани Амрико дар ташкили гурӯҳҳои теруристӣ ва пуштибонии моливу ҷангафзорӣ аз онҳо барои ноком гузоштани раванди сиёсиву мусолиматомез дар Сурия барои ҳама собит шудааст.