ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба раисҷумҳури Корея Мун Ҷэ Ин барқияи таслият ирсол кард.
Дар ин барқия, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон матнашро мунташир кардааст, гуфта мешавад:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳузнангези ҷон бохтан ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандон бар асари сар задани сӯхтор дар яке аз бемористонҳои шаҳри Милян боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин фоҷеаи ғамангез ҳамдардиву таслияти самимии худро ба пайвандону наздикони ҷонбохтагон изҳор менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем”.
Бино бар охирин хабарҳо, дар паи сар задани сӯхтор дар бемористоне дар шаҳри Милян 41 кас ҷон бохта ва 79 кас захм бардошта аст.