Дар Помир масири нави гардишгарӣ боз мешавад

Дар ҳудуди Помири Шарқӣ барои градишгарон масири нави сайёҳӣ кушода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар ин бора расонаҳои расмӣ бо такя ба раиси Ассотсиатсияи сайёҳӣ-экологии Помир Асадшо Зоолшоев хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки бо иқдоми Ассотсиатсияи сайёҳӣ- экологии Помир имсол дар минтақаи Помири Шарқӣ боз як хатсайри нав кушода мешавад.

"Дар минтақаи мазкур кӯлҳои зиёд бо манзараҳои зебо, даштҳои фарох, ҳайвоноти нодиру растаниҳои камёфти шифоӣ, пайроҳаҳои пурпечу тоби кӯҳӣ мавҷуданд, ки мисли онҳо дар манотиқи дигари олам нест. Аз ин рӯ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ маҳз ҳамин хатсайрро интихоб мекунанд", — гуфтааст Асадшо Зоолшоев.

Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?

манбаъ афзуда, ки соли гузашта ба Бадахшон наздик ба 2,5 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ сафар намуда, беш аз нисфи онҳо бо хатсайри Мурғоб-Аличур-Булункӯл-Қарокӯл ҳаракат намуданд.

Тирамоҳи соли гузашта кормандони Ассотсиатсия бо ҷалби чанд нафар сайёҳони хориҷӣ ба таври озмоишӣ хатсайри Яшикӯл-Зароҷ-Сарез таҳия намуда, дар давоми чаҳор рӯз пиёда ин пайроҳаро тай намуданд. Пас аз аз ин сафар пайроҳаи мазкур ба хатсайри сайёҳӣ ворид карда шуд.

Интизор меравад, ки бо кушода шудани хатсайри нав шумораи гардишгарон хоҳад афзуд.

ВМКБ бо манзараҳои зебо ва кғҳҳои осмонбӯс миёни гардишгарон номдор аст. Кӯҳҳои Помир ду сол боз дар феҳристи зеботарин кӯҳҳои ҷаҳон ҷой гирифтаанд.

Гардишгари машҳури рус Антон Кротов далели кам будани ҷаҳонгардон дар Тоҷикистонро озод набудани рафту омад миёни шаҳру вилоятҳои кишвар гуфтааст.

"Албатта шумораи хориҷиёне, ки хостори боздид аз Тоҷикистон ҳастанд, афзудааст. Мушкил ин аст, ки барои боздид аз бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон бояд иҷозаи вуруд гирифт. Масалан, дар Қирғизистон чунин мушкил нест, барои ҳамин шумораи гардишгарон дар он ҷо бештар аст", — гуфта буд, гардишгар.