Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳоди ҷазо додани ҳамсарони хиёнаткорро баррасӣ мекунад

Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳоди муқаррар кардани муҷозот барои хиёнат ба ҳамсарро баррасӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди муқаррар кардани муҷозот барои хиёнат ба ҳамсарро баррасӣ хоҳад кард, гуфт додситони кулли ҶТ Юсуф Раҳмон.

Додситонии кулли ҶТ: 50 млн сомонӣ қарзи истифодаи нерӯи барқ ситонда шуд

Имрӯз дар нишасти расонаии Додситонии кулл яке аз рӯзноманигорон пешниҳод кард, ки барои пешгирӣ аз кушторҳо дар паи рашку хиёнат ҳамсарони хоин қонунан муҷозот карда шаванд.

Юсуф Раҳмон дар посух ба ин дархост гуфт, ки Додситонии кулл ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард.

Бино ба гузориши расонаҳо, кушторҳо дар паи рашку хиёнат дар Тоҷикистон ахиран рӯ ба афзоиш гузоштаанд. Чунончи, чаҳор моҳ пеш аз ин кормандони умури дохила марди 56-солаеро ба иитиҳоми куштани ҳамсари собиқаш дастгир карданд.

Ҳамчунин кормандони милиса марди 51-солаеро дар шаҳри Турсунзода дастгир карда буданд, ки ҳамсари собиқашро аз рашк кушта буд.