Супориши раис барои афзоиши саршумори чорво дар Панҷиканд

Масъулини соҳаи кишоварзии Панҷиканд вазифадор шуданд, ки фермаҳо ташкил кунанду саршумори моли калони шохдорро зиёд намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз бозори марказии Панҷиканд роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи кишоварзиро барои ташкили фермаҳо ва хоҷагиҳои ёрирасон ҷиҳати зиёд намудани саршумори моли калони шохдор вазифадор намудааст.

Дар бозори марказии шаҳри Панҷиканд як килогӯшти гов 33 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 35 сомонӣ ва гӯшти буз 34 сомонӣ арзиш дорад.

Пас аз супориши Аҳмадзода: дар Конибодом ҳам гӯшт арзон шуд

Нархи як килограмм себи навъи маҳаллӣ аз се то панҷ сомонӣ, пиёз аз ду сомониву сӣ дирам то дуюним сомонӣ, сабзӣ то якуним сомонӣ, картошка се сомониву сӣ дирам, нон аз якуним то панҷ сомонӣ, биринҷи оддӣ панҷ сомонӣ, навъи девзира даҳ сомонӣ, ангур даҳ-дувоздаҳ сомонӣ, бодиринг чордаҳ ва помидор ҳаждаҳ сомонӣ мебошад.

Раҳбари вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва ҳунармандон тавсия додааст, ки намудҳои гуногуни ҳунармандиро дар шаҳр вусъат бахшанд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо шумораи зиёди сокинон онҳоро ба меҳнати софдилона, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва татбиқи сиёсати раисҷумҳур ҳидоят кардааст.

Ҳамчунин тавсия додааст, ки намудҳои гуногуни ҳунармандиро дар шаҳр вусъат бахшанд.