Хадамот: ҳар сафари раисҷумҳур ба шаҳру навоҳӣ ободӣ меорад

Хадамоти матбуотии раисҷумҳур аз фаъолияти яксолаи Эмомалӣ Раҳмон гузориш додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дарин гузориш дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли соли 2017 сухан меравад.

Аз ҷумла дар бораи сафарҳои раисҷумҳур ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон чунин гуфта шудааст.

Соли 2017 бо мақсади ошноӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои мамлакат сафар кард.

"Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо муждаи ободонию созандагӣ буда, мулоқоту суҳбатҳои самимии Сарвари давлат бо мардум рӯҳияи онҳоро барои ба мамлакати пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон баланд мебардорад", —омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сафар кард

Нахустин сафари кории кишвардор ба вилояти Хатлон буд.  Давоми соли 2017  Эмомалӣ Раҳмон 22 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари кардааст.

4 марти соли 2017 нахустин сафари корӣ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон оғоз гардид. Зимни ин сафар раисҷумҳур дар мавзеи Фахробод бо лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа шинос шуд.

Дар ин сафар  Эмомалӣ Раҳмон боғи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат", воқеъ дар хоҷагии фермерии "Асадулло", бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ва коргарони ин хоҷагии намунавӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, ҳамчун рамзи баҳору Наврӯз дарахт шинонданд.

Зимни як сафари дигари кории  Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва боздид аз боғи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат" дар хоҷагии фермерии "Асадулло" ба бунёди боғҳои наву шинондани ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда асос гузошта шуд.

Пас аз ин сафар расонаҳо хабар дода буданд, ки дар пайи хатои гуруҳи доиранавозони "Очаҷонҳо" дар ҳузури раисҷумҳур Зиёда Саломова, раиси Идораи кор бо занони ноҳия барканор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва волидони ноҳияи Хуросон ва Ҷомиро сарзаниш кард

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, ки сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол.

"Дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст".

Дар ин росто раисҷумҳур раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Хайруллоро танбеҳ доду Зиёда Саломова ба вазифаи пешинааш барқарор шуд.