ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар додааст.
Дар ин росто тарҳи қонун "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018" низ пешниҳод гардидааст, ки барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои андози ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Тоҷик эйр" ва корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҷиҳати навсозии техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон равона гардида, мувофиқи он воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси гумруки Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати ҶТтасдиқ менамояд, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз пардохти боҷи гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд.
Ҳамчунин воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуда, воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр) низ аз пардохти боҷи гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд.
Тарҳи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷиҳати дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои Паём дар хусуси додани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ равона гардидааст.
Мувофиқи тағйиротҳое, ки ба моддаи 169 Кодекс пешниҳод гардидаанд, таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ, таҳвили маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ, воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ мувофиқи номгӯ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.