Тоҷикон тоқиҳояшонро дар Маскав фурӯхтанд

Ҳунармандони тоҷик маҳсули дасти худро дар Маскав ба намоиш гузоштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Маҳсулоти ҳунармандони тоҷик дар бозои шарқии "Тоқӣ" ба намоиш гузошта шуд.

Аз 15 то 21 январи соли 2018 дар маркази савдои "Тишинка"-и шаҳри Москва намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандон таҳти унвони "Восточный базар "Тюбетейка" ("Бозори шарқӣ "Тоқӣ") баргузор гардид.

Дар намоиш маҳсулоти ҳунармандон аз кишварҳои Арманистон, Доғистон, Гурҷистон, Казоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Сурия пешниҳоди меҳмонон ва сокнинони шаҳри Москав карда шуданд.

Товары из Таджикистана и Узбекистана на выставке-ярмарке "Тюбитейка"

Гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулотҳои гуногуни ороишӣ аз сангҳои қимматбаҳо ва заргарӣ, кордҳои наққошикардашуда, асбобҳои рӯзгор аз чӯбу сафол ва зарфҳои кулолӣ бо нақшу нигори миллӣ, гарданбанду ҷузвдон ва қапчуқҳо аз адрасу адрас, тоқиву либоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва армуғонҳо (сувенирҳо) зеб доданд.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ ҳунармандони маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав барои меҳмонон барномаи фарҳангие пешкаш карданд.