Барф намеборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Cозмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 24 январ ҳаво дар саросари кишвар тағйирёбандаи бебориш мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Бебориш: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Ҳаво дар ВМКБ тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш гашта, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.