Афғонҳо дар пойтахти Узбакистон сулҳу оштӣ меҷӯянд

Шаҳри Тошканд дар моҳи феврал мизбони нишасти минтақаии гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов аз баргузории нишасти гуфтугӯи сулҳи Афғонистон дар Тошканд хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории эронии “Тасним”, Комилов гуфта, ки ин нишаст миёни Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва гурӯҳҳои мухолифи он барои расидан ба сулҳ дар миёни афғонистониҳо баргузор мешавад.

“Музокироти сулҳ бояд бе ҳеч пешшарт ва бо ҳузури мақомоти Созмони милали муттаҳид баргузор шавад”, — афзуд вазири умури хориҷии Узбакистон.

Пеш аз ин, чандин давра аз нишастҳои чандҷониба миёни кишварҳои минтақа ва Афғонистон бо мавзуъи сулҳ баргузор шуда буд, аммо то кунун натиҷаи қобили мулоҳизае надоштааст.

Афғонистон ва Узбакистон тавофуқ карданд то нишастеро бо унвони “Афғонистон дар масири сулҳ” дар сатҳи вазирони умури хориҷии кишварҳои минтақа дар моҳи феврал дар Тошканд баргузор кунанд.