ВКХ Тоҷикистон ба шаҳрвандон: бо автобус аз Қазоқистон ба Русия наравед

Вазорати умури хориҷии ҶТ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст аз сафар бо худраву автобус аз роҳи Қазоқистон ба Русия худдорӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. ВУХ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки аз сафар бо автобус аз роҳи Қазоқистон ба Русия худдорӣ кунанд.

“Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода, ки бо сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи Ҷумҳурии Қазоқистон рабт дорад, ба шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд”, — гуфта мешавад дар эълоне, ки вазорат имрӯз мунташир кардааст.

Автобусе бо муҳоҷирон дар Қазоқистон оташ гирифт: 52 кас кушта шуд

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш автобусе, ки 57 муҳоҷир аз Тоҷикистон сарнишинаш буданд, дар вилояти Оқмулло дар шимоли Қазоқистон аз шиддати сармо аз ҳаракат боз монда буд.

Сарнишинҳои ин автобусро, ки аз Қазоқистон ба Русия мерафт, имдодгарони Вазорати авзоъи изтирории Қазоқистон наҷот дода ва ба шаҳри Макинск – маркази ноҳияи Буландӣ бурданд. Мутури ин автобус ба иллати то 45 дараҷа сард шудани ҳаво аз ҳаракат монда буд.

Чанд рӯз пеш аз он автобусе, ки 57 муҳоҷирро аз Русия ба Узбакистон мебурд, дар вилояти Оқтеппа оташ гирифт. Дар ин сӯхтор, ки 18 январ дар 1068-умин килуметри бузургроҳи Самара — Чимканд дар ноҳияи Иргиз дар 10-килуметрии деҳаи Қолибой рух дода буд, 52 мусофир кушта шуд.