Ду медали тиллои ҷавонпаҳлавон Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико

Варзишкори тоҷик дар ду категорияи вазнӣ ҷойи аввалро ба даст овардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Варзишкори машҳури тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов, ки муқими Амрикост дар Сабқати кушоди ҷудо дар Ню Ҷерсӣ соҳиби ду медали тилло шудааст.

Тавре варзишкор ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, сабқат аз 14-уми январ то 21-уми январ дар иёлати Ню Ҷерсӣ баргузор шуда, дар он 350 варзишкор ширкат доштанд.

Ҳамин тавр, ҷавонпаҳлавони тоҷик Хушбахт Қурбонмкамадов дар Сабқати кушоди ҷудои Ню Ҷерсӣ соҳиби ду медали тилло гаштааст.

Хушбахт қайд кард, пас аз омодагиҳои ҷиддӣ ва машқҳои зиёд барои пирӯзӣ дар мусобиқа худро хело хушбахт ҳис мекунад.

Вай мегӯяд, айни ҳол барои дигар мусобиқаҳо омодагӣ мебинад ва мехоҳад дар Олимпиада ҷаҳонӣ ширкат варзад.