ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Амир Хон, Шоҳрух Хон ва Салмон Хон, се ситораи синамои Боливуд, аз рафтан ба дидоре, ки дар Деҳлӣ бо нахуствазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу баргузор шуда буд, парҳез кардаанд.
Sputnik Афғонистон ба нақл аз расонаҳои ҳиндӣ навишта, ки далели парҳези ин ҳунарпешаҳои мусулмон аз дидор бо Нетаняҳу “куштори фаластиниҳои бегуноҳ ба шумули кӯдакону занон тавассути Исроил” будааст.
Аммо Амитабҳ Баччан ҳамроҳ бо писараш Абҳишек ва арӯсаш Айшвария Рай дар дидор бо нахуствазири Исроил ҳозир шуда ва бо вай акси селфӣ гирифтааст, ки ин амали онҳо бо интиқоди шумори анбӯҳе аз корбарони интернет дучор шуд.
Пас аз нарафтани ин се ситораи Боливуд ба дидор бо Нетаняҳу, корбарони интернет ин амалро писандида ва се Хонро “қаҳрамонони воқеъӣ” хондаанд.