Тӯтиҳои тоҷикро сарҳадбонон ба Русия роҳ надоданд

Кормандони гузаргоҳи сарҳадии "Оқсарой" дар қаторе, ки аз Тоҷикистон меомад, қафасеро бо тӯтиёни австралӣ пайдо карданд. Маълум гардид, соҳибони паррандаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, мехостанд онҳоро дар Русия фурӯшанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Сарҳадбонони Астрахан иҷоза надоданд, ки 100 тӯтии автралӣ аз Тоҷикистон ба Русия ворид шавад. Тавре расонаҳои Русия хабар додаанд, паррандаҳоро тоҷирон мехостанд бе гувоҳномаи беҳдоштӣ ба Русия ворид кунанд.

"Чунончи, соҳиби тӯтиён тавзеҳ додааст, ин паррандаҳои барои фурӯш аз Тоҷикистон ба Русия меовард. Аммо тоҷири тӯтиҳо барои фурӯши паррандагон гувоҳномаи вижа надоштааст",- омадаст дар хабар.

Бо он далел, ки ҳамлу нақли паррандагон бо вайрон кардани қонунгузории Русия сурат гирифтааст, қарор қабул карда шуд, ки онҳоро бо қатори дигар ба Тоҷикистон фиристонанд. Роҳбалад гуфтааст, шахсан тӯтиҳоро ба ватанашон равон мекунад.