Задухӯрди курдҳо ва туркҳо дар фурудгоҳе дар Олмон

Дар фурудгоҳи шаҳри Ҳанновер дар Олмон гурӯҳҳое аз курдҳо ва туркҳо бо ҳам задухӯрд карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ин задухӯрд дар паи тазоҳуроте сурат гирифт, ки гурӯҳе аз курдҳо дар фурудгоҳи Ҳанновар дар пуштибонӣ аз ҳамтаборонашон дар Сурия баргузор карда буданд.

Ба гузориши пулиси шаҳри Ҳанновер, ин задухӯрд душанбе шаб рӯй додааст. Гурӯҳе аз курдҳо дар яке аз поёнаҳои фурудгоҳ тазоҳурот бар по карда ва мухолифаташонро бо амалиёти низомии Туркия дар шаҳри Африн дар Сурия намоиш додаанд. Курдҳо дар ин тазоҳурот раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро муттаҳам ба ҷиноёти ҷангӣ кардаанд. Гурӯҳе аз мусофирони турк, ки мунтазири парвоз буданд, аз ин тазоҳурот ба хашм омада ва бар курдҳо ҳамла кардаанд.

Ба гузориши рӯзномаи Hannoversche Allgemeine, дар ин задухӯрд камобеш 180 кас аз ҳар ду гурӯҳ ширкат кардааст. Пулис барои ҷудо кардани гурӯҳҳо гози ашковарро ба кор бурда ва 20 касро боздошт кардааст.

Нерӯҳои интизомӣ ин қазияро бозҷуст доранд.