ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд гузориш медиҳад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз маҷлиси васеи ҳукуматӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон машаваратӣ корӣ доир намуд.
Бино бар иттилои манбаъ, дар машварат муовинони раиси вилоят, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Ҳукумати вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, соҳаи бонкдорӣ ва низомӣ ширкат варзиданд.
"Дар машварати корӣ як масъала — вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои соли равон дар асоси супоришоти сарвари давлат дар маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Раҷаббой Аҳмадзода бо такя ба хусолаҳои маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки новобаста аз таъсири буҳрони молиявӣ ва омилҳои берунӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли гузашта таъмин гардида, соли 2017 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ба ҳисоб рафт. Зеро меҳнаткашони кишвар ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии мамлакат ба 61,1 млрд сомонӣ ва суръати рушд ба 7,1 фоиз расида, маҳсулоти соҳаи саноат 21,3 дарсад ва маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 дарсад боло рафтааст.
Тавре дафтари матбуотӣ афзудааст, дар машварат маълум гардид, ки дар баробари иҷрои сифатноки талаботи санадҳои назоратӣ, инчунин дар баъзе мавридҳо камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла раиси вилоят таъкид кард, ки маъракаи шудгор на дар ҳамаи навоҳии кишоварзӣ ба таври зарурӣ анҷом дода шудааст.
"Роҳбари вилоят низ зимни пурсиши мутасаддиён ба раванди сусти шудгор эрод гирфт. То имрӯз аз 209 ҳазор гектар ҳамагӣ 139 ҳазор гектар ё худ 64 дарсад майдони кишт шудгор шудааст. 30 дарсади заминҳо ҳануз аз ғузапоя тоза карда нашудаанд",- гуфта мешавад дар хабар.
Тавре дар гузориш қайд карда мешавад, имсол дар вилоят майдони кишти пахтаю картошка 15 ҳазор гектар зиёд карда мешавад. Дар ин замина, ҷиҳати захираи тухмиҳои хушсифат, таъмири саривақтии пойгоҳҳои обкашӣ ва тозакунии каналу заҳбурҳо ва истифодаи оқилонаи заминҳо, пешгирии паҳншавии малах ва коркарди ниҳоии пахта дар коргоҳҳои маҳаллӣ масъулини Раёсати кишоварзӣ ва Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор карда шуданд.
"Илова бар ин, дастур дода шуд, ки нисбати хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба замин муносибати хунукназарона зоҳир менамоянд, тибқи қонунгузорӣ чораи бозпас гирифтани замин ба фоидаи давлат татбиқ карда шавад. Соли гузашта 138 гектар чунин заминҳо ба фонди захиравӣ баргардонида шудаанд. Раёсати кишоварзӣ ҳамзамон ҷиҳати барқарорсозии паркҳои тракторӣ ва тавассути лоиҳаҳои имтиёзнок ворид намудани техникаи муосири кишоварзӣ ба вилоят, ҳамчунин барқарорсозии фермаҳои моли калони шохдор, назорати фаъолияти сардхонаҳо аз рӯи меъёрҳои санитарию стандартӣ уҳдадор карда шуд",- қайд мешавад дар гузориш.
Дар соҳаи саноат низ бо вуҷуди пешравиҳо камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз фаъолият бозмондани беш аз 70 корхонаи истеҳсолӣ ва суръати афзоишро таъмин карда натавонистани 169 коргоҳ боиси нигаронии роҳбари вилоят гардидааст.
Иҷрокунандаи Раиси вилоят ба мутасаддиёни соҳа супориш дод, ки ҷиҳати омӯзиши вазъи корхонаҳои хусусишудаи бекормонда ва барқарорсозии фаъолияти дубораи онҳо тадбир андешанд. Афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва пешгирии воридоти онҳо, аз ҷумла дар самти истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан ва макарон низ аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи саноат боқӣ мондаанд.
Имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки бахусус пахта, ки ашёи стратегӣ ба ҳисоб меравад, асосан дар шакли коркардшуда ба содирот бароварда шавад, на ҳамчун ашёи хом. Аммо содироти он ҳамчун ашёи хом дар соли гузашта 93 дарсадро ташкил дод.
Бо дастури роҳбари вилоят бояд дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ корхонаҳои дузандагӣ таъсис дода шуда, бахусус таъминоти либоси мактабӣ, ки дар вилоят 517 ҳазор адад талабот дорад, пурра иҷро карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки воридоти либосҳои пастсифату барои саломатии хонандагон зиёновар пешгирӣ карда шавад. Дар ин маврид, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли либосҳои варзишӣ низ мувофиқи мақсад дониста шуда, дастур дода шуд, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ коргоҳҳои истеҳсоли шир ташкил карда шавад.
Фаъолияти бонизоми бонкҳо ва дар ин замина мусоидат намудан ба дастгирии соҳибкорон тавассути додани қарз бо фоизҳои дастрас ҳам мавриди таваҷҷуҳи роҳбари вилоят қарор гирифт.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳодисаҳои таваллуди занон дар хона изҳори нигаронӣ кардааст.
"Соли гузашта 396 ҳодисаи таваллуд дар хона ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд теъдоди таваллуд дар хона нисбати соли 2016 — 269 ҳолат кам гардида бошад ҳам, вале ҷой доштани чунин ҳодисаҳо боиси нигаронии роҳбари вилоят гардидааст. Пешгирии бемориҳои сироятии хавфнок, воридоти дорувории пастсифат ва таъмини соҳа бо мутахассисони касбӣ аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустии вилоят ба ҳисоб мераванд, ки дар соли равон бояд ҳалли хешро пайдо созанд",- меафзояд манбаъ.
Раёсати маориф бошад, имсол бояд ҷиҳати ҳалли масъалаҳое чун таъмири мактабҳои садамавӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии мақомотҳои иҷроия ва ҷалби соҳибкорон, таъмини маводи хониш, ташкили омузишгоҳҳои лабороторӣ, ҳозиршавии мутахассисон ба муассисаҳо баъди хатми донишгоҳ, коррупсия ва назорати либоси ягонаи мактабӣ тадбир андешад. Тибқи таҳлилҳо то имрӯз дар мактабҳои вилоят 196 омӯзгори ғайриихтисос фаъолият дорад, ки нисбати соли 2016 — 170 омӯзгор кам аст. Аз ҷониби роҳбари вилоят барои пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос дастур дода шуд.
Дар поёни машварат иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаҳои дахлдор вобаста ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, ҷалби бештари лоиҳаҳои мустақими сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят, афзун намудани содироти маҳсулот, хусусан хушкмева, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекормонда, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, зиёд намудани кишти пахтаю картошка аз ҳисоби заминҳои гандуму хӯроки чорво, рушди соҳаи паррандапарварӣ, нигаҳдории ҳолати роҳҳои мошингард, бо кор таъмин намудани аҳолии қобилияти коридошта, назорати бозорҳо, бунёди иншооти ҷашнӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.