Кӯҳҳо ва офтоб: Эмомалӣ Раҳмон рамзи соли 2018-ро тасдиқ кард

Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро тасдиқ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

Рамзи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Фармони раисҷумҳур дар бораи "Соли рушди сайёҳӣ" эълон шудани соли 2018 ба имзо расид

Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни "2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст.

Рамзи соли 2018

Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" васеъ истифода баранд.