ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, бар асоси қарори Ҳукумати ҶТ шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд ва ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён номгардон мешаванд.
Дар ноҳияи Восеъ шаҳраки Восеъ ба Ҳулбук ва деҳаи Қурбоншаҳид дар деҳоти Гулистон ба Меҳробод номгардон мешаванд.
Дар ноҳияи Ёвон деҳаи Шота Руставелӣ дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯр дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ба Боғдара ва деҳаи Будинобод дар ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова ба Зарриндашт номгардон карда шуданд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.