ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин духтар дар ноҳияи Ёвон дар паи ҷанҷол бо навҷавоне 17-сола аз деҳаи Ҳаёти нав ӯро чанд бор бо корд задааст.
Кормандони ВКД дар вилояти Хатлон ин духтарро ба ҷурми расондани осеби сахти ҷисмонӣ ба шаҳрванд боздошт карданд.
“Вай 20-уми январ, тахминан соати 17:30 дақиқа, дар паи муноқишае, ки бо навҷавони 17-солае аз деҳаи Ҳаёти-Нав, карда, бо корд чанд бор ба китфаш ва як бор ба шикамаш задааст. Дар натиҷа ин навҷавон ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гаштааст”, — гуфта мешавад дар иттилоъия.
Вазорат аз ин қазия ҷузъиёте мунташир накардааст, вале гуфта, ки барои бозрасии ин рухдод парванда оғоз кардааст.