Соҳибкорони тоҷик ба Туркия мераванд

Соҳибкорони тоҷик барои ошноӣ бо фаъолияти корхонаҳои Туркия ба ин кишвар сафар хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хоиҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, рӯзи 18 январ ҳайъати кормандони сафорати  Тоҷикистон дар Туркия ба мақсади ошноӣ ва омӯзиши таҷрибаи фаъолияти шаҳракҳои саноатӣ дар кишвар аз шаҳраки саноатии "Иведик"-и шаҳри Анқара боздид намудааст.

Тоҷикистон ва Туркия мехоҳанд гардиши колоро то $1 млрд афзоиш диҳанд

Зимни боздид мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Раҷабиён бо раиси ин Шаҳраки саноатӣ Ҳасан Гӯлтекин баргузор гардидааст.

Дар ин мулоқот  дар баробари дарёфти маълумоти фарогир оид ба таҷрибаи Шаҳрак, ҳамзамон дар робита ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни Шаҳраки саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии  Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак табодули афкор сурат гирифтааст.

"Ҳарду ҷониб дар ин замина сафари ҳайатҳои соҳибкорони ду кишварро ба мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳамдигар, баррасии имконияти ҳамкориҳо, омузиши таҷрибаи пешқадам, таъсиси корхонаҳои муштарак, ворид намудани технологияи нав ва афзоиши гардиши мол муҳим арзёбӣ намуданд", — омадааст дар хабарнома.

Ҳайъати сафорат ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои алоҳидаи соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий шинос шуданд.

Шаҳраки саноатии "Иведик"калонтарин шаҳраки саноатии шаҳри Анқара мебошад, ки иқтидори солонаи иқтеҳсолии он ба 6 млрд доллари ИМА баробар аст.