Узбакистон нархи баҳрабардорӣ аз роҳҳои оҳанашро барои Тоҷикистон арзон кард

Узбакистон нархи ҳамлу нақли бору колоҳои Тоҷикистон аз роҳҳои оҳанашро барои Тоҷикистон аз 30 то 50 дарсад арзон кардааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ба гузориши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ниҳод аз ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари” барқияе дарёфт карда, ки дар он тахфифҳое ба Вазорати таробарии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Эрону Афғонистон роҳҳои оҳанашонро ба ҳам пайванд мекунанд

Дар ин барқия гуфта шуда, ки Узбакистон ба Тоҷикистон барои ҳамлу нақли борҳояш аз роҳи оҳани Келес – Қудуқлӣ 40 дарсад тахфиф хоҳад дод.

Ҳамчунин барои ҳамлу нақл аз роҳи оҳани Қароқалпоқистон – Қудуқлӣ барои фаровардаҳои нафтӣ 30 дарсад  ва барои дигар борҳо то 50 дарсад тахфиф барои Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Ширкати роҳи оҳани Узбакистон ҳамчун барои таробарии колоҳо аз роҳи оҳани  Хоҷадавлат — Қудуқлӣ ба Тоҷикистон 40 дарсад тахфиф пешниҳод кардааст.

Вазорати таробарии Тоҷикистон ҳамчунин эълом карда, ки Тоҷикистон ва Узбакистон барои бозкушоии роҳи оҳани Амузанг – Хатлон ба тавофуқ расидаанд.