ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Кормандони ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров падару писареро боздошт кардаанд, ки дар қаламравҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон гову бузу гӯспанд дуздидаву дар бозорҳои ду кишвар мефурӯхтаанд.
Ба гузориши шабакаи телевизюнии “СМ-1”, кормандони милиса Рауф Расулови 58-сола ва писараш Наим Расулови 29-соларо, ки бошандаи ҷамоати Хистеварз ҳастанд, пас аз панҷ моҳ пайгирӣ саранҷом ба иитиҳоми дуздии 13 сар гов боздошт кардаанд.
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд гуфта, ки ин падару писар шабона аз чарогоҳ, оғилҳои саҳроӣ ва заминҳои кишоварзӣ чорворо медуздидаанд. То кунун 11 маврид дуздияшон ошкор шудаааст, ки хисорат аз онҳо 42 500 сомонӣ баровард шудааст.
Чуноне, ки Рауф Расулов иқрор кардааст, ки вай ҳамроҳи писараш Наимҷон гову бузҳоро дар Тоҷикистон дуздида ба бозори Қирғизистон бурда мефурӯхтаанд. Ҳамчунин аз Қирғизистон чорворо дуздида ба Тоҷикистон оварда мефурӯхтаанд.
Ҳангоми яке аз ҳамингуна қасди говдуздӣ Наим Расуловро кормандони ВКД Қирғизистон дар ноҳияи Лайлак ва Рауф Расуловро кормандони ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт кардаанд.
Барои бозҷӯии дуздии ин табаҳкорон парванда ташкил шудааст.