Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба камтавонону пиронсолон ёрӣ расонд

Пизишкони бемористони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба камтавонону пиронсолон дар ноҳияи Ёвон ёрии башардӯстона расонданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Пизишкони бемористони низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба бошандагони хона-интернати камтавонону пиронсолони дар ноҳияи Ёвон ёрии башардӯстона расонданд.

“Пизишкони низомӣ ҳамроҳ бо роҳиби калисои пойгоҳи низомӣ 201-уми барои бошандагони ин хона-интернат маводи беҳдошти шахсӣ, хӯрокворӣ, аз ҷумла ҳаргуна консерв, афшураҳои табиӣ ва шириниҳо овардаанд. Баргузории ингуна иқдомоти башарбӯстона аз суннатҳои неки кормандони бемористони пизишкӣ шудааст”, — гуфта мешавад дар хабари равобити умумии ПН 201-ум.

Дар рафти боздид ёвари фармондеҳи пойгоҳ роҳиб Роман Чебоненко бо бархе аз бошандагони хона-интернат, ки ҳамакнун 130 касро дар паноҳаш гирифтааст, суҳбат кард.

1 / 7
Российские медики оказали гуманитарную помощь постояльцам дома-интерната
2 / 7
Российские медики оказали гуманитарную помощь постояльцам дома-интерната
3 / 7
Российские медики оказали гуманитарную помощь постояльцам дома-интерната
4 / 7
Российские медики оказали гуманитарную помощь постояльцам дома-интерната
5 / 7
Российские медики оказали гуманитарную помощь постояльцам дома-интерната
6 / 7
Российские медики оказали гуманитарную помощь постояльцам дома-интерната
7 / 7
Российские медики оказали гуманитарную помощь постояльцам дома-интерната

Ёдоварӣ мекунем, ки пойгоҳи низомии 201-ум бузургтарин ягони низомии Русия дар хориҷ аз марзу бумаш аст. Ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа ҷойгир аст. Бино бар паймоне, ки ду кишвар чанд сол пеш баста буданд, ин пойгоҳ то соли 2042 дар сарзамини Тоҷикистон ҷой хоҳад дошт.