Раисҷумҳур шахсан сари чамбараки чархболи ҷангӣ нишасту онро озмуд

Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба яке аз ягони нерӯҳои ҳавоӣ омада чархболҳои навро аз назар гузаронид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳангоми тафтиши амнияти Қувваҳои ҳавоиӣ? шахсан як чархболи ҷангиро озмоиш кард.

Дар ин бора рӯзномаи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан" хабар додааст.

Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба яке аз ягони нерӯҳои ҳавоӣ омада чархболҳои навро аз назар гузаронид.

"Пасон раисҷумҳур шахсан сари чамбараки яке аз чархболҳои ҷангӣ нишаста имкониятҳои текникаи навро санҷид", — омадааст дар хабарнома.

Рӯзнома қайд мекунад, ки "ҳангоми ба ҳаво бархостан раисҷумҳур имкониятҳои техникӣ, таҷҳизоти иттилоотию имкониятҳои дигари муосири чархболро аз назар гузаронид".

Дар хабарнома дар бораи навъи чархбол хабар дода нашудааст.