Сироҷиддин Аслов эътиборномаи сафири нави Озарбойҷонро пазируфт

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Муҳаммадзода Дилсӯзӯғлу устуворнома дарёфт кард.

Ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, маросими дарёфти эътимоднома дирӯз, 16 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Пас аз ин маросим мулоқоти вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар ин дидор Сироҷиддин Аслов ва Ҳасан Муҳаммазода вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ ва башариву фарҳангиро баррасӣ карданд.

Вазир ва сафир ҳамчунин дар бораи масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкору назар карданд.