Мудири "Тоҷикпромбонк" ба иттиҳоми дуздии маблағҳои ҳангуфти бонк дастгир шуд

Вай бо суъистифода аз симаташ бо санадҳои сохта дар солҳои 2008 ва 2009 маблағҳои калони бонкро аз они худ карда будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв- Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мудири пешини шуъбаи "Тоҷикпромбонк"-ро ба иттиҳоми дуздии пулҳои ҳангуфти бонк дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам — марди 53-солаи сокини пойтахт, мудири шуъбаи ин бонк дар ноҳияи Сино будааст.

Гуфта мешавад, вай бо суъистифода аз симаташ, дар солҳои 2008 ва 2009 чанд бор бо санадҳои сохта супурдаҳои бонкиро аз они худ карда будааст.

Чунончӣ, 31-уми октябри соли 2008 ба номи як бошандаи кӯчаи Ҷомӣ аз бонк гӯё 150 000 сомониро вом гирифта, ба манфиатҳои худаш истифода кардааст.

"Номбурда бо ҳамин роҳ 24-уми феврали соли 2009 низ ба номи марди 54-солаи бошандаи кӯчаи Алишер Навоӣ аз ин бонк 32 500 сомониро гирифта, аз они худ кардааст", — омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин вай 3-юми апрели соли 2008 ба номи зани 52-солаи бошандаи кӯчаи Алишер Навоб аз ин бонк 107 000 сомониро гирифта, аз они худ кардааст.

Аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.