Руҳонӣ: Амрико кӯшиш дорад Сурияро пора-пора кунад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муттаҳам ба дастдарозӣ ба сарзамини Сурия кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раиси Маҷлиси Сурия ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар он кишвар ва тарроҳиҳои Амрико барои ояндаи онро маҳкум кард, гузориш медиҳад дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Эрон.

“Тарҳе, ки Амрико барои Сурия дар зеҳн дорад, бар хилофи қоидаҳои байналмилалӣ ва тавтеае барои тамомияти арзӣ ва амнияти Сурия ва минтақа аст”, — гуфт Ҳасан Руҳонӣ дар дидор бо Ҳаммуда Юсуф Саббоғ.

Руҳонӣ афзуд, раванди музокироту иқдомоти сиёсӣ дар бораи Сурия, ки аз Сочӣ оғоз шудааст, бояд то  таъмини иродаву ҳуқуқи миллат ва давлати Сурия пайгирӣ шавад ва идома ёбад.

Ҳаммуда Юсуф Саббоғ низ дар ин дидор аз кумаку ҳимоятҳои давлату миллати Эрон аз мардуми Сурия дар мубориза бо теруризм сипосгузорӣ карду гуфт, “Димишқ ба таври расмӣ хостааст, ки нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия хориҷ шаванд ва ҳаргиз мувофиқи ҳузури онҳо дар хоки Сурия нест”.

Амрико пас аз шикасти гурӯҳи теруристии ДОИШ дар Ироқ ва Сурия қасд дорад аз гурӯҳҳои курдӣ “нерӯи амнияти марзӣ” дар Сурия ташкил диҳад. Қарор аст ин нерӯҳо ки камобеш 30 ҳазор разманда доранд, манотиқеро посбонӣ кунанд, ки зери контроли Амрико ҳастанд. Афзун бар ин Амрико ҳамроҳ бо Нерӯҳои демукротики Сурия нерӯҳои нави марзбонӣ омода доранд, ки 230 разманда хоҳанд дошт.