Ожонси омор: муомилоти молии Тоҷикистон бо Узбакистон 82 дарсад афзудааст

Хариду фурӯш миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2017 бештарин рушдро нисбат ба додуситад бо дигар кишварҳо доштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар соли 2017 ҳаҷми содироти коло аз Тоҷикистон 33 дарсад бештар аз соли 2016 шудааст.

Бино ба иттилоъи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар соли 2017 муомилоти молии хориҷии кишвар 3 милёрду 973 милюн дулор буда, ки 1,1 дарсад бештар аз соли 2016 аст.

Бино ба ин гузориш, Тоҷикистон порсол ба арзиши 1,2 милёрд дулор коло содир карда, ки 33,3 дарсад бештар аз перор аст ва 299 милюн дулор афзоишро нишон медиҳад.

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон – воридот коҳиш ёфта ва содирот афзудааст

Ҳамзамон ба арзиши 2 милёрду 755 милюн дулор коло ворид карда, ки 8,5 дарсад бештар аз перор аст ва 256,3 милюн дулор афзоишро нишон медиҳад.

Дар соли 2017 миёнгини ҳаҷми воридот 231 милюн дулор будааст.

Бино бар ин гузориш, Тоҷикистон дар соли 2017 бо 109 кишвар хариду фурӯш доштааст.

Шарикҳои аслии бозаргонии Тоҷикистон дар ин сол ҳам Русия ва Қазоқистон будаанд. Чунончи, Тоҷикистон дар соли гузашта бо Русия ба арзиши 936 милюн дулор ва бо Қазоқистон ба арзиши 838 милюн дулор муомилоти молиро анҷом додааст.

Аммо хариду фурӯш бо яке аз муҳимтарин шариҳои бозаргонӣ – Чин дар соли гузашта  33 дарсад коҳиш ёфта ва ба 591 милюн дулор расидааст.

Аммо бештарин рушдро хариду фурӯш бо Узбакистон доштааст. Муомилоти молӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар як сол 82 дарсад афзоиш ёфта ва ба 126 милюн дулор расидааст.