Моҳипарварӣ дар Тоҷикистон: тавлидот бештар, вале нарх ҳам гаронтар

Рыбный базар, архивное фото
Бунгоҳҳои моҳипарварии Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 2 ҳазору 54 тонна моҳӣ тавлид кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазору 54 тонна моҳӣ тавлид карданд, ки 17 тонна бештар аз соли 2016 аст.

Бозори моҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Қочоқи моҳӣ аз Суғд ба Душанбе

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА ба нақл аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, бунгоҳҳои моҳипарварии кишвар гунаҳои моҳии капур, аз ҷумла сазан ва амури сафед ё капури алафхор ва гулмоҳӣ парвариш мекунанд.

Аммо ҳарчанд ҳаҷми тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, вале нархи моҳии парваришёфта дар дохили кишвар аз моҳиҳои воридотӣ 50 дарсад гаронтар аст.

Ҳамакнун як килуграм моҳии парваришёфта дар дохили кишвар дар бозорҳо 30 – 40 сомонӣ арзиш дорад, вале як килуграм моҳии воридотӣ бо ҳама ҳазинаҳои таробарӣ ва гумрукӣ 20 – 22 сомонӣ арзиш дорад.