Вазир ба донишҷӯёни тоҷики Русия: шумо бояд бо Ватани худ ифтихор кунед

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо таълимгирандагони омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Перм дидор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Дар ин бора дар равобити умумии Вазорати фарҳанг хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон ниҳоят заруранд.

Салим Муъминов: дар Қӯрғонтеппа сирк бунёд мекунам

Кадрҳои ояндаи балети Тоҷикистон Некрӯз Тағойбеков, Зиёда Раҳматова, Фирӯз Ҷалилов ва Ситора Толибова соли чорум аст, ки дар омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Перм таҳсил намуда, дар баробари таълими барномаи мактабӣ нозукиҳои санъати балетро омӯхта истодаанд.

Рӯзи 13 январи соли 2018 вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода таълимгирандагони омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Пермро, ки тибқи квотаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Русия дар ин омӯзишгоҳ таҳсил доранд, ба ҳузур пазируфт.

"Зимни вохӯрӣ вазири фарҳанг оид ба таҳсил ва шароити зиндагии таълимгирандагон суҳбат карда, таъкид намуд, ки онҳо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони хеш ҳамеша ифтихор намоянд", —омадааст дар хабарнома.

Дидори вазир бо донишҷӯёни тоҷики Русия

Дар ин дидор ба кадрҳои ояндаи балет туҳфаҳои хотиравӣ супорида шудааст.