Супоришҳои раиси нави Суғд дар бораи корхонаҳои бузурги хусусӣ

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми январ дар маҷлисгоҳи Мақомоти ҳукумати вилоят таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба масъалаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят машварати корӣ баргузор гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Дар ин бора дар равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, хабар дода шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода дар машварати корӣ таваҷҷӯҳи масъулини соҳаро ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими кишти баҳорӣ ҷалб намуд. Бинобар хушк омадани ҳаво дар мавсими зимистони имсола бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ва бо амри роҳбари вилоят фавран ситоди вилоятӣ оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ва шӯршӯйи дар заминҳои корам ташкил гардида, дастур дода шуд, ки чунин ситодҳои маҳалӣ дар ҳамаи навоҳии кишоварзӣ низ таъсис дода шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғдро аз мақомаш барканор кард

Дар баробари ин, ҷиҳати омодасозии пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон дар муҳлати муайянгардида масъулини Раёсати кишоварзӣ ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят вазифадор карда шуданд.

"Раҷаббой Аҳмадзода мутасаддиёни соҳаро ҳамчунин ҷиҳати ҷамъоварии саривақтии ҳақи оби кишоварзӣ аз ҷониби истифодабарандагон, пардохти ҳақи неруи барқ аз ҷониби муассисаҳои соҳаи обтаъминкунӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ташкили фурӯши бемамониати гӯшт дар шаҳрҳои саноатӣ, аз қабили Хуҷанду Бӯстон ва Гулистону Истиқлол, дар сатҳи баланд доир намудани ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва ҷашни аҷдодии Сада муваззаф намуд", — омадааст дар хабарнома.

Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарони шаҳру навоҳӣ талаб кард, ки дар баробари бунёди иншооти иҷтимоӣ, инчунин ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Дар ин замина супориши қатъӣ дода шуд, ки вазъи корхонаҳои калону миёнаи бозистода, ки хусусӣ карда шудаанд, пурра омӯхта шуда, масъалаи дубора ба кор андохтани онҳо ҳалу фасл карда шавад.

Дар поёни машварат иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят ҳамчунин ҷиҳати вусъати маъракаи ободонӣ дар ҳудуди вилоят, сабзгардонии хиёбону гулгаштҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, зиёд кардани ҳаҷми парвариши зироат дар гармхонаҳо, афзунгардонии ҳосили меваҷот, захираи тухмиҳои хушсифат, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекормонда, ҳифзу афзунгардонии чорво, вусъати соҳаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли ғизои парҳезӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳимояи соҳибкорӣ ва ҷамъоварии саривақтии андозҳо дар назди раисони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштааст.