Ҷанҷол дар Воронеж: оё донишҷӯёни тоҷик дар воқеъ дониш надоранд

Дар ҳошияи изҳороти профессори донишгоҳи Воронеж дар бораи дониши сусти донишҷӯёни тоҷик, коршиносон ба Sputnik Тоҷикистон, фаҳмониданд, кӣ бояд барои сифати донишомӯзии донишҷӯёни хориҷӣ ҷавобгар бошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Пеш аз Соли нав, рӯзи 27 декабр дар Донишгоҳи давлатии  аграрии шаҳри Воронеж ҷанҷол бархост.

Профессор Алексей Шапошник дар Facebook аз сатҳи пасти дониши донишҷӯёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шикоят кард. 

Ба гуфти ӯ Вазорати маорифи Русия дидаю дониста ҷои донишомӯзони русро танг мекунаду ба ҷои онҳо ба гурӯҳҳои буҷавӣ донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказиро, ки наонқадар дониши хуб доранд, қабул мекунад.   

"Бори дигар ба донишҷӯи тоҷик фаҳмонидам, ки формулаи моддаи кимиёвӣ чӣ гуна навишта мешавад. Дар рафти фаҳмонидан аз ӯ пурсидам: агар серо ба се тақсим кунем чанд ҳосил мешавад? Ӯ худбоварона ҷавоб дод: се.

Что, Где, Когда?: донишҷӯёни тоҷик дар Маскав зиракии якдигарро санҷиданд

Фикр кардам, мумкин забони русиро хуб намедонад ва дар рӯи коғаз навиштам 3:3=? Ӯ бо табассуми ҳоливудӣ навишт-3. Чизе, ки маро дар тоҷикон тасхир кардааст, ин хандонрӯии онҳо аст", —навишта буд профессор дар саҳифаи фейсбукии худ.

Пас аз як рӯз дар расонаҳои маҳаллӣ хабаре бо сарлавҳаи "Профессори донишгоҳи Воронеж бар ҳоли маҳорати зеҳнии тоҷикон механдад" баромад.

Корбарони интернет ба ин изҳороти профессор вокуниш карданду бархе ӯро сарзаниш кардаву ба бадбинии нажодӣ айбдор мекарданд ва бархе пуштибонӣ карда аз низоми Вазорати маориф гила мекарданд. 

Худи профессор гуфт, ки муаллифи ин хабар ҳамаро сар то по ғалат навиштаасту сухан дар бораи ноқисиҳои фаъолияти Вазорати маорифи Русия ва сатҳи пасти дониши донишҷӯён дар умум мерафт, фарқаш нест, ки дониши кӣ мисол оварда шудааст.

Дар охир намояндагии Тоҷикистон дар Русия ба раҳбарияти Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Воронеж нома фиристод. Раҳбарият рафтори профессорро маҳкум кард. Ва Шапошник бошад чанд муддати дигар фаҳмонид, ки ба донишҷӯёни хориҷӣ нафрате надорад фақат аз сифати дониши умумӣ нигарон аст.    

Раиси кумисюни ҷамъиятии Маскав оид ба муносиботи байнулмилалӣ Мария Котовская бар ин аст, ки сатҳи омодагии донишҷӯёни ин ё он донишгоҳ аз минтақа вобаста аст. Чуоное, ин мушкилот на фақат ба донишҷӯёни хориҷӣ балки ба худи шаҳрвандони Русия ҳам дахл дорад.

Духтар-калкулятор Манижа дар Африқо ҳам пирӯз шуд
   

"Масалан ба донишгоҳҳои пешгоми Маскав хонандагони болаёқати кишварҳои ИДМ-ро мефиристанд. Ба донишгоҳҳои манотиқи дуртар бошад бештар хонандагон бо сатҳи пасти дониш меафтанд. Ва биёед ошкор бигӯем, ки ба пойтахт хонандагон аз ҷумҳуриҳои Кафқози Шимолӣ меоянд, ки аз дигарон дар дониш фарқияте надоранд", — қайд мекунад коршинос.

Ба гуфти Котовская бодарназардошти ҳамаи мушкилоти соҳаи маориф даст бардоштан аз донишҷӯёни хориҷӣ ғайриимкон аст, зеро ин ягона воситаи нигоҳдории нуфузи Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ мебошад.

Рӯзноманигори тоҷик Лола Олимова чунин мешуморад, ки ҷавобгари сифати дониши донишҷӯён бояд худи макотиби олӣ бошад.

"Бигзор имтиҳони қабулро сангинтар кунанд, ё давраҳои бозомӯзӣ кушоянд. Чунин таҷриба қариб дар ҳамаи донишгоҳҳое, ки хориҷиён таҳсил мекунанд, вуҷуд дорад. Айбдор кардани тоҷикон барои сатҳи пасти омодагӣ барои таҳсил дар донишгоҳ беақлист", —қайд мекунад Олимова. 

Ин идея нав нест. Мушкилоти соҳаи маориф ҳам ба коршиносон ва ҳам ба мақомдорон хуб маълуманд. Зиёда аз ин ба гуфти таҳлилгар Нуралӣ Давлат дар соли 2017 намояндагони беш аз 14 макотиби олии Русия аз донишҷӯёни тоҷике, ки ба ин донишгоҳҳо дохил мешаванд, имтиҳон гирифтанд.

Гулнигор Тиллоева: зебосанами забондон ва пуштибони муҳоҷирон

Дар умум соли гузашта барои донишҷӯёни тоҷик 600 квотаи таҳсил ҷудо карда шуд.

"Дар чунин шароит ман мушкилотеро намебинам. Агар донишҷӯёни тоҷик ба талаботи макотиби олии Русия ҷавобгӯй нестанд, пас бояд онҳоро хориҷ кард", —шарҳ дод Нуралӣ Давлат дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ба изҳороти профессор Алексей Шапошкин нигоҳ накарда бояд гуфт, ки миёни донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар Русия таҳсил мекунанд дар воқеъ ҳастанд онҳое, ки донишашон ба талаботи таълимоти Русия ҷавобгӯй нест.

Чӣ гуна чунин донишҷӯён аз имтиҳон мегузаранд, ин савол бе ҷавоб мемонад.