Дипломатҳои тоҷик камбудиҳои ВУХ-ро ислоҳ мекунанд

Дипломатҳои тоҷик барои ислоҳи камбудиҳо ва тақвият бахшидани фаъолияти Вазорати умури хориҷӣ ва умуман раванди татбиқи сиёсати хориҷӣ пешниҳодҳои мушаххас кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Дар ин бора равобити умумии ин ниҳод хабар медиҳад.

Дар ҷаласа Ёвари раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, раиси Ҳайати мушовара, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов, муовинони вазир, аъзои Ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорат иштирок намуданд.

Дар ин мушовара ду мавзӯъ — фаъолияти Вазорат дар соли 2017 ва Нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2018 пешниҳод гардидааст.

"Ҳангоми баррасии масъалаҳои ҷорӣ, чанде аз иштирокдорон ба сухан баромада, пешниҳодҳои мушаххасе барои ислоҳи камбудиҳо ва тақвият бахшидани фаъолияти Вазорат ва умуман раванди татбиқи сиёсати хориҷӣ матраҳ намуданд", —омадааст дар хабарнома.

ВУХ: дипломатҳои тоҷик барои рушди ҳамкорӣ чора меандешанд

Сироҷиддин Аслов таъкид кардааст, ки "соли 2018 барои сиёсати хориҷии кишварамон соли пурмасъулият ва дар айни ҳол соли иҷрои нақши муассир дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд. Дар ин сол ташаббуси навбатии Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2018" оғоз меёбад. Ин ба он маъност, ки ба муддати даҳ соли оянда кишвари мо ташаббускор ва пешбари тамоми талошҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи об хоҳад буд".

Дар идомаи суханронӣ вазир гуфтааст, ки  Тоҷикистон дар соли 2018 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар уҳда дошта, инчунин мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ", ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ, ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония хоҳад буд.

"Ҳамаи мо бояд барои иҷрои нақши фаъол ва кори пурмасъулияту пурсамар дар соли 2018 ба хотири баланд бардоштани обрӯи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ омода бошем", — таъкид кардааст Сироҷиддин Аслов.