ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, ин нерӯҳо пас аз гузарондани давраи омӯзишии ҳаштмоҳа барои мушорикат дар маъмурияти “Ҳимояти қотеъ” ба пойгоҳи низомии шаҳри Мазори Шариф дар вилояти Балх фиристода шудаанд.
Нерӯҳои гурҷистониро туфангдорони дарёии Амрико 2 моҳ дар заминаи хунсосозии бумбҳои дастсоз, хуруҷи беталафот аз манотиқи ноамн ва ҷанги шаҳрӣ омӯзиш додаанд. Ин низомиён ҳамчунин 6 моҳ дар Олмон низ омода шуда будаанд.
Гурҷистон ҳарчанд ба Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) напайвастааст, вале ҳамакнун 885 сарбозу афсар дар Афғонистон дорад.
Ин кишвар аз соли 2009 нерӯҳои низомии худро зери фармондеҳии НАТО ба Афғонистон фиристода ва то кунун 32 тан аз низомиёнашро дар ин кишвар аз даст додааст.