Вазорати хориҷа ба амрикоиҳо тавсия карда аз Тоҷикистон боздид кунанд

Тоҷикистон яке аз амнтарин кишварҳо дониста шуда ва сафар ба ин кишвар барои шаҳрвандони Амрико тавсия шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико феҳристи кишварҳоеро мунташир кардааст, ки боздид аз онҳо барои гардишгарони амрикоӣ тавсия шудааст.

Дар ин феҳрист кишварҳо ба нисбати амнияташон барои гардишгарон дар чаҳор гурӯҳ радабандӣ шудаанд. Тоҷикистон дар гурӯҳи амнтарин кишварҳо ҷой гирифта ва сафар ба ин кишвар барои шаҳрвандони Амрико раво дониста шудааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамсояҳои Тоҷикистон – Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистонро низ дар ҳамин гурӯҳ ҷой додааст.

Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон кард

Дар гурӯҳи ноамнтарин кишварҳо барои амрикоиҳо Афғонистон, Эрон, Ироқ, Сурия, Либӣ, Малӣ, Яман, Куреи Шимолӣ, Судони Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Африкои Ҷанубӣ ҷой дода шудаанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико хатарҳоеро, ки ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида дар ин кишварҳо таҳдид мекунанд низ бар шумурда, ки теруризм, табаҳкорӣ, ошӯбҳои иҷтимоъӣ, балоҳои табиъӣ ва пешомадҳои пизишкиву дармонӣ дониста шудаанд.

Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом кардааст. Ин тавсияи ВУХ Амрико метавонад анбӯҳе аз гардишгарони амрикоиро ба Тоҷикистон сарозер кунад.