БМТ: мизони таваррум дар соли 2017 камтар аз пешбиниҳо буд

Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ карда буд, ки дар поёни соли 2017 мизони таваррум 7 дарсад хоҳад буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, дар поёни соли 2017 мизони таваррум дар бахши масраф 6,7 дарсад будааст. Ин рақам дар моҳи декабр 0,3 дарсад баровард шудааст.

"Саҳми маводи хӯрокворӣ дар мизони таварруми солона 4,3 дарсад, маводи ғайрихӯрокӣ 1,2 дарсад ва хидматрасонӣ 1,2 дарсад буд", — гуфта мешавад дар гузориши БМТ.

Пештар БМТ сатҳи мизони таваррум дар поёни солро 7 дарсад пешбинӣ карда буд. Имсол низ пешбинӣ карда, ки мизони таваррум дар ҳамин сатҳ хоҳад буд.

КДАМ ҶТ аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ далоили гарон шудани нархи хӯроквориро ҷӯё шуд

Таҳлилгарони БМТ боло набудани мизони таваррумро ба фаъолсозии сиёсати пулии таваррумзудоӣ ва субот ёфтани вазъият дар бозори нақдии дохилӣ вобаста медонанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар поёни соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1 дарсад буд. Болотарин сатҳи мизони таваррум дар соли 2011 сабт шуда буд, ки нархҳо ва хидматрасониҳо 12,5 дарсад афзоиш ёфта буданд.

Поинтарин сатҳи мизони таваррум дар кишвар соли 2013 сабт шуда, ки 5,1 дарсад буд.