Заминларза дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон заминларза рух дод

Маркази заминларза дар километри 125-уми шарқии Душанбе ҷой гирифтааст. Дар шаҳри Душанбе қувваи он 2,5-3 баллро ташкил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Тавре маркази заминларзашиносии EMSC хабар медиҳад, субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зилзила дар соати   08:40 ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 125 километрии шарқи Душанбе  ва 33 километрии шимоли Муъминобод аст.

Дар маркази заминларза қувваи зилзила 4,8 баллро ташкил додааст. Дар Душанбе низ ҷунбиши замин ҳис шуда, коршиносон қувваи онро  2,5-3 балл ҳисоб карданд.

Талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.