Вазири умури хориҷии Эрон: Трамп худаш ҳам намедонад чӣ мехоҳад!

Вазири хориҷаи Эрон гуфт, баид аст, раисҷумҳури Амрико худаш ҳам бидонад, тасмимш дар бораи БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) чист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бино бар иттилоъи хабаргузории "Pars Today", Муҳаммадҷавод Зариф дар бадви вуруд ба Маскав дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Имрӯз ҳисоб кардам аз рӯзе, ки масъулияти вазорати хориҷа Эронро қабул кардам, бисту якумин бор аст, ки ба Маскав меоям.

Зариф дар бораи меҳварҳои гуфтугӯ бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар сафараш ба Маскав гуфт: "Равобити мо бо Русия роҳбурдист ва Русия ҳамсояи муҳими мо ва яке аз аъзои муҳими 1+5 аст, ки дар гуфтугӯҳои марбут ба БАРҶОМ нақши бисёр муҳим ва меҳвариро ифо кард".

Вазири хориҷаи Эрон дар пешбинии тасмими Трамп дар бораи ояндаи тавофуқи ҳастаӣ низ гуфт: "Яке аз сиёсатҳои Трамп ин аст, ки қобили пешбинӣ набошад, албатта эшон ин сиёсатро ба ҳадде расондааст, ки Амрико дигар хеле қобили эътимод барои ҳеҷ як аз шариконаш нест".

Зариф гуфт: "Баид медонам, худи Трамп ҳануз иттилоъ дошта бошад, ки чи кор мехоҳад бикунад, вале ҳатман аврупоиҳо ҳануз иттилоъ надоранд, Трамп чи тасмиме хоҳад гирифт".

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Имрӯз дар Маскав ва барои машварати қабл аз иҷлоси фардо бо вазирони хориҷаи се узви Иттиҳоди Аврупо ва Могерини дар Брюссел, бо оқои Лавров ба хусус дар мавриди сиёсатҳои мухарриби Амрико дар бораи БАРҶОМ гуфтугӯ хоҳем кард.