Атомуҳаммад Нур: зӯрро бо зӯр посух хоҳам дод

Агар ҳукумат аз гузинаи низомӣ кор бигирад, зӯрро бо зӯр посух хоҳам дод, ҳушдор дод Атомуҳаммад Нур ба Ашраф Ғанӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Атомуҳаммад Нур, волии Балх, ки раисҷумҳури Афғонистон ӯро аз симаташ барканор кардааст, ба ҳукумат ҳушдор дод, ки зӯрро бо зӯр посух хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории афғонистонии “Тулуъ”, Атомуҳаммад Нур ба бунбаст расидани гуфтугӯҳо миёни Ҳукумат ва Ҷамъияти исломии Афғонистонро радд кард.

Вай таъкид кард, ки агар ҳукумат аз гузинаи низомӣ кор бигирад, ин кор сабаби таҷзияи нерӯҳои амниятии Афғонистон хоҳад шуд.

“Ба қувваи низомӣ даст набаред, ки ин қувваи низомӣ касоне ҳастанд, ки 70 – 80 дарсадашон бо ман ҷанг намекунанд. Қувва тақсим мешавад, ба таҳлил меравад, таҷзия мешавад. Онҳо касоне нестанд, ки бо Нурашон биҷанганд”, — гуфт Атомуҳаммад Нур.